Совет: пользуйтесь поиском! но если вы не нашли нужный материал через поиск - загляните в соответствующий раздел!
 
Сдал реферат? Присылай на сайт: bankreferatov.kz@mail.ru

 Опубликуем вашу авторскую работу в Банке Рефератов     >> Узнать подробности...

Банк рефератов

бесплатные рефераты, сочинения, курсовые, дипломные, тесты ЕНТ

155111

Типовая учебная программа по предмету «Таджикский язык» для 10-11 классов

Типовая учебная программа по предмету «Таджикский язык» для 10-11 классов естественно-математического  направления уровня общего среднего образования

1. Тавзеҳот

1. Мувофиқи стандарти умумитаълимии давлатӣ, ки бо қарори тасдиқшудаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 23 августи соли 2012 №1080, барномаи музкур дар асоси принсипҳои инкишоф ва таълиму тарбия, давомоти муттасилӣ сохта  шудааст. Забони тоҷикӣ дар миқёси ҷаҳон аз забонҳои бой ва таърихи қадимидошта мансуб  меёбад. Мо ворисон, маҳз тавассути он аз таъриху маданияти ғаниву рангини гузаштагонамон огоҳӣ ёфта, имрӯз бо ҳамин забон баҳри рушду нумӯъ ва пешбурди тамоми фаъолияти ҷамъиятиву иҷтимоии дар ҷумҳуриамон мавҷуда талош меварзем. Аз ин рӯ, дар мактаб ба таълими забони тоҷикӣ, ҳамчун ба таълими яке аз фанҳои воломақом, бояд бештару беҳтар эътибор дода шавад.

2. Баҳри ноил гардидан ба ҳамин мақсаду вазифаи таълими забони тоҷикӣ дар мактаб барномаи мазкур на танҳо бо назардошти принсипҳои илмиву пайдарҳамӣ ва фаҳмо будани маводи таълим, ҳамчунин бо риояи талаботи педагогӣ ва равоншиносиву методӣ, ки дар маҷмӯъ принсипи аз осон ба душвор гузаштанро таъмин месозанд, мураттаб гардидааст. Аз ин ҷиҳат, барнома дорои маводе мебошад, ки он мутобиқи вазифаи омӯзиши мафҳумҳои забон доир ба фаслу кисматҳои таркибии фонетика, калима (луғат), калимасозӣ, морфология, синтаксис, услуб (тарзи баён), имло, аломатҳои китобат ва боз дигар нуқтаҳои дар тафаккуру фаъолияти хонандагон созмондиҳандаи меъёрҳои забони адабии имрӯзаи тоҷик пешниҳод гаштааст.

3. Дар системаи таълим ва омӯзонидани мавзӯъҳои таркибии фаслу бобҳо, пеш аз ҳама имло (бештар) ва баъзан дар омӯзиши ҳодисаҳои фонетикӣ, имлои ҳиссаҳои нутқ дар барнома ба тариқи таҷриба (эксперимент) баъзе дигаргуниҳо ворид карда шавад.

4. Дар барномаи ҳар синф аз хелҳои дарси такрор (такрори аввали сол, такрори ҷорӣ, такрори боб ва такрори солона) доир ба такрори аввали сол ва такрори солона аз 6 то 8-соатӣ вақт ҷудо карда шудааст. Вале соатҳои барои такрори ин ё он боб ва соатҳо барои корҳои хаттии санҷишӣ (диктанти санҷишӣ, нақли хаттӣ ва ғайра) маҳз аз ҳисоби соатҳои барои таълими ин ё он боби омӯхташаванда ҷудо карда мешаванд, на аз ҳисоби соатҳои такрори солона. Соатҳои барои такрори солона муқарраршуда бояд танҳо дар охири соли таҳсил (моҳи май) бо мақсади ҷамъбасту мустаҳкам намудани донишҳои хонандагон ва барои ба имтиҳони хатмкуниву азсинфбасинфгузаронӣ омода намудани хонандагони синф истифода карда шавад.
 
06.10.2015 09:18