Совет: пользуйтесь поиском! но если вы не нашли нужный материал через поиск - загляните в соответствующий раздел!
 
Сдал реферат? Присылай на сайт: bankreferatov.kz@mail.ru

 Опубликуем вашу авторскую работу в Банке Рефератов     >> Узнать подробности...

Банк рефератов

бесплатные рефераты, сочинения, курсовые, дипломные, тесты ЕНТ

154217

Учебная программа по таджикской литературе для 10-11 класса

Типовая учебная программа по предмету «Таджикская литература» для 10-11 классов естественно-математического  направления уровня общего среднего образования

1. Мактуби эзоҳй

1. Мувофиқи стандарти умумитаълимии давлатӣ, ки бо қарори тасдиқшудаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 23 августи соли 2012 №1080, барномаи музкур дар асоси принсипҳои инкишоф ва таълиму тарбия, давомоти муттасилӣ сохта  шудааст. Адабиёти тоҷик дар давраи нав ба се марҳала –  адабиёти аҳди ҷадидия, адабиёти даврони шӯравӣ ва адабиёти айёми истиқлолият ҷудо мешавад ва ҳар марҳала сифатҳои ба худ хос мебошад. Муаллифон кӯшидаанд, ки моҳияти таърихию фарҳангии ҳар марҳала ва паҳлӯҳои таълимию эстетикии осори адибони шинохтаи тоҷикро мавриди барраси амиқ қарор диҳанд, аз асарҳои барҷастаи суханшиносони асил мисолҳои фаровон оварда, калимаву таркибҳои эзоҳталабро шарҳ диҳанд, то ки муаллимону шогирдони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ имконияти ҳарчӣ бештар омӯхтан, андеша кардан, ҳисоб кардан.

2. Ва баҳра бардоштан аз каломи бадеъро дошта бошанд. Мавзӯъҳои назариявӣ дар ҷараёни таълими адабиёт шогирдонро ба асосҳои илмии мафҳумҳои мусаллаҳ намуда, имкон медиҳанд, ки онҳо моҳияти адбиёти бадеиро ҳамчун навъи санъат боз ҳам аниқу равшантар дарк намоянд.

3. Адабиёт фанни инсоншиносӣ, санъати сухан ва воситаи тарбияву такмили камолоти маънавии ба шарият аст. Чӣ тавре ки аз таърих маълум аст, ҳар халқ дар баробари бо халқҳои дигар алоқаи иқтисодӣ, илмӣ ва адабӣ доштан дорои таърихи хоси иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, адабӣ, маданӣ ва санъати хурд низ мебошад.

4. Халқи тоҷик аз ҷумлаи халқҳоест, ки дорои маданият, санъат ва адабиёти бойи қадимӣ мебошад. Вай дар қатори халқҳои бузургу хурди дунё барои бой гардонидани хазинаи маданияти ҷаҳонӣ ҳиссаи арзанда гузоштааст.

5. Аз он ҷумла, халқи қазоқ, узбек,уйғур низ дорои намояндагони бузурги адабиёт мебошанд, ки асарҳои шоирону нависандагони онҳо дар алоқамандӣ бо адабиёти тоҷик наздик мебошанд. Маданияти ин миллату халқҳо бо ҳам монандӣ доранд. Аз ин ҷост, ки дар мутолиаи асарҳо, хонанда ба он иқрор шуда метавонад.

6. Барномаи мазкур дар ҳамин асос сохта шудааст, ки дар он дӯстии байни миллатҳо ба эътибор гирифта мешавад.
7. Таълими адабиёт воситаи асосии шиносоӣ бо мероси адабӣ аз мавқеи луғату таркиб, мафҳуми адабӣ, сарнавишту рӯҳияи қаҳрамонон, ҷаҳонбинӣ ва назари донишмандону адибон аст. Муҳимтарин вазифаи таълими адабиёт омода кардани донишомӯзон барои истифода аз мероси гаронбаҳои адабии гузашта, дарёфти завқи маърифату шинохти он мебошад. Ба ин восита, се натиҷаи муҳим ба даст меояд: шогирд дар ҳудуди таълими мактаб мазмун, маънавият, ҷаҳонбинӣ, махсусан забон, сохтори шаклию ҳунарии мероси гузаштаро фаро мегирад; вай барои минбаъд вусъат додани мутолиаи осори гузашта ҳавасманд ва омода мешавад; барои наслҳои оянда дастовардҳои адабии гузаштагонро нигоҳ медорад.
8. Ба мавзӯъҳои монографӣ бошад шахсияти адибон ва эҷодиёти онҳо, аз қабили Сино, Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Б.Урён, А. Тӯсӣ, Кайковус, Н. Хусрав, Хайём, С. Ғазнавӣ, А.Насруллоҳ, А.Абевардӣ, Аттор, Ҳ.Шервонӣ, Ганҷавӣ ва дигарон то Гулназару А.Самад аз рӯи тартиби соли таваллуд дохил гардидаанд. Сабаби ворид кардани мавзӯъхои обзорӣ он аст, ки шогирдон пеш аз омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти эҷодии адибону донишмандон роҷеъ ба адабиёти шифоҳӣ ва таърихи адабиёт бояд маълумоти муфассал бигиранд.
9.Мақсади таълими адабиёт:адабиёт дар мавҳуми васеи он маҷмӯи осори хаттию шифоҳии қавме, халқе, миллате буда, дар фаҳмиши маҳдуди он инъикоси бадеии ҳаёт ва ин тарзи тасвири зиндагӣ ба воситаи образҳо ба тасвир овардани ҳаёт мебошад. Яъне адабиёт дар фаҳмиши истилоҳии он як навъи санъат буда, ба воситаи образҳо тасвир намудани ҳаёт, дунё аст ё ин ки адабиёт тарафхои мусбат ва паҳлуҳои манфи ба воситаи образҳо тимсолҳо, намунаҳо тасвир карда мешавад.
10. Давраи нави инкишофи адабиёти асрҳои миёна ба замони эҳёи мадани рост омадааст. Хусусан, ҷараёни маорифпарварӣ миёни нерӯҳои адабӣ табаддулоти мафкуравиро тавлид намуд ва такони иҷтимоие зуҳур кард, ки барои ҷамъият заминаи хеле мусоид фароҳам овард.
11.Вазифаи таълими адабиёт:
1) адабиёт воситаи асосии тарбияи маънавии эстетикӣ, шинохти ҳусни ҷаҳон ва аз ин мавқеъ маърифати он аст;
2) вусъат додани ҷаҳонбинии шогирдон бо роҳи тарбияи завқӣ ва маърифати зебоиҳо;
3)  дар таълими адабиёт аз мавқеи ахлоқи ҳамида, инсонгароӣ, некию бадӣ ва хубию зиштӣ ҳосил кардан;
4) дар худ таҷассум карда тавонистани пайванди замонии таърихӣ;
5) аз мавқеи фарогирии умумии вазифаҳои таълим дар ҷараёни тадриси адабиёт се натиҷаи муҳим ба даст овардан дар назар аст;
6) фаҳму дарки асари адабӣ аз мавқеи савтиёт, қироат, калима ва таркибот, ҷумла ва мафҳумҳои матни асари адабӣ;
7) аз мавқеи санъатҳои бадеӣ фаҳмиши маънои сухану маҷозу рамзиёт ва тамсилот, инчунин шинохти вазну қофия;
8) таҳлили аввалияи асари адабӣ аз ҷиҳати мазмун, маъно, ғоя, нақшхои ҳунарӣ (образҳо), сужет ва дигар унсурҳои мазмун ва шакли асари адабӣ.
12. Фанни адабиёти тоҷик бо фанҳои забони тоҷикӣ, забони қазоқӣ, таърих, адабиёти қазоқ, география, математика алоқамандӣ дорад:
1) бо фанни адабиёти қазоқ:
таҳлил кардани асарҳои адибони ҳамасри тоҷику қазоқ;
мувофиқаткунии услуб ва шаклҳои адабӣ;
монандии жанрҳои адабӣ.
2) бо фанни таърих:
санаҳои таърихӣ, воқеа ва ҳодисаҳо;
таърихи пайдоиши маданияти халқҳо;
омӯзиши обидаҳои таърихӣ ва осорхонаҳо.
3)  бо фанни география:
макони ҳодисаю воқеаҳо;
вобастакунии асарҳои бадеӣ ба муҳити зисту зиндагонӣ;
тасвири манзараҳои воқеӣ.
4) бо фанни математика:
истифодаи рақамҳо дар санаҳои таърихӣ;
солшумориҳои римӣ;
давраҳои зисту зиндагонии адибон.
13. Ҳаҷми барномаи таълимӣ. .Мувофиқи барномаи стандартии умумимтаълимии Ҷумҳурии Қазоқистон ба сарбори омӯзиш тавсия карда шудааст:
1) Синфи -10 -дар як ҳафта 2 соат, дар як соли хониш 68 соат;
2) Синфи -11 -дар як хафта 2 соат, дар як соли хониш 68 соат.
14. Таркиб ва сохти барномаи адабиёти тоҷик барои синфи X – XI дар равияи табиӣ – математикӣ.
2. Мазмуни базавӢ ҳангоми омӮзиши фан
15.  Синфи X (дар як ҳафта 2 соат, дар як сол 68 соат):
1) адабиёти тоҷик дар асри  хvi – xvii. Адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри ХVI асри XVII (5 соат). Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ва Эрон дар нимаи дуюми асри XVI ва асри XVII. Фурӯпошии хонадони Темурӣ, ташкили давлати Шайбониён, баъдан Аштархониён ва Сафавиён дар Эрон. Моҷарои мазҳабӣ ва ҷудоии Осиёи Миёна ва Эрон. Ташкили давлати Темуриёни Ҳинд. Ҳавзаҳо ва марказҳои адабӣ. Дар Осиёи Миёна: Бухоро, Самарқанд, Балх, Бадахшон ва ғайра. Дар Эрон: Исфаҳон, Машҳад ва Табрез, Ҳинд, Деҳлӣ ва дигар билоду кишвар. Намояндагони адабиёт: Мушфиқӣ, Нисорӣ, Мутрибӣ, Шавкати Бухороӣ, Мулҳами Бухороӣ, Самандархоҷаи Тирмизӣ, Муфиди Балхӣ Фитрати Зардӯзи Самаркандӣ ва Сайидои Насафӣ. Дар Эрон: Соиб, Калими Кошонӣ, Сом Мирзои Сафавӣ, Насрободӣ. Дар Ҳинд: Файзии Даканӣ, Бедили Деҳлавӣ. Намояндаи адабиёти қазоқ: шоир Актамберди: Назарияи адабиёт: Тазкира ва тазкиранависон. Анвои шеър: қасида, ғазал, мусамматҳо, қитъа, рубоӣ, манзума ва достонҳо;
2) Абдураҳмони Мушфиқӣ (3соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Мушфиқӣ. Мероси адабии Мушфиқӣ: девонҳо, маснавиҳо. Навъҳои асосии ашъори лирикии Мушфиқӣ, ашъори ҷиддӣ ва мутоибот. Таҳлили ғазалҳои «Тақсими мерос», «Ҳоли дил». Таҳлили маснавии «Гулзори Ирам», сохти асар, пайравии Фотеҳии Нишопурӣ, образҳои тамсилӣ ва маънии онҳо;
3) Шавкати Бухороӣ (1 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Шавкати Бухороӣ, таркиби девони шоир. Таҳлили шеърҳои «Кавсар ҳарифи чашми тари ман намешавад», «Даҳон аз гуфтугӯ бастам, шикоят мухтасар кардам», «Пеши мо фикри сухан сайри гулистон кардан аст».Назарияи адабиёт: Қофия ва радифМаъно ва мафҳуми қофия ва радиф дар шеър. Такрори қофия-зуқофиятайн. Намунаҳои шеър барои қофия, зуқофиятайн ва радиф, таҳлили маънои намунаҳо;
4) Сайидои Насафӣ (7 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Сайидои Насафӣ, мероси адабии Сайидо. Таҳлили ғазалҳои Сайидо: «Нафси саркашро мусаххар ақли оламгир кард» «Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд», «Шамъаму пайваста дар рагҳои ҷонам оташ аст» ва «Ба мулки Исфаҳону Ҳинд мехонанд ашъорам». «Шаҳрошӯб»-и Сайидо ва сохти он, тасвири ҳунармандон дар ин асар: дар ситоиши нонвоӣ, қассоб, наҷҷор, шотир ва наққош. Мухаммасҳои Сайидо ва мазмуну сохти онҳо, муносибати мухаммас бо мусаммат. «Баҳориёт»-и Сайидо ва сохту мазмуни он, тасвири ҷонварон ва маъниҳои иҷтимоӣ дар онҳо;
5) Соиби Табрезӣ (3 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Соиб. Таркиби «Девон»-ҳои Соиб. Мазмун ва мундариҷаи мухаммасҳои Соиб. Мухаммасҳои мустақил ва тазмини адибони гузашта. Намунаҳои ин навъи мухаммас ва таҳлили онҳо. Ғазалиёти Соиб, таҳлили ғазалҳои «Зиҳӣ рӯят баҳори зиндагонӣ» «То манзили ман бодияи бехабарӣ буд», «То дида маҳви рӯи ту шуд, комёб шуд», «Онро, ки чашми масти ту беихтиёр кард». Услуб ва хусусиятҳои бадеии шеъри Соиб. Таъсири эҷодиёти Соиб ба шеъри шоирони асрҳои минбаъда. Назарияи адабиёт: Ҳарфи равӣ ва қофияи муқайяду мутла .Ҳарфҳои қофияи муқайяд: равӣ, қайд, ридфи муфрад ридфи зоид (ридфи мураккаб), таъсис ва дахил. Мисолҳо барои қофияи муқайяд ва мутлақ, намунаҳо барои ҳарфҳои қофияи муқайяд. Таҳлили маънои намунаҳо;
6) Бедили Деҳлавӣ (5 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Бедили Деҳлавӣ. Куллиёти Бедил: девон, маснавиҳо, асарҳои насрӣ, таркиби девони шоир. Таҳлили ғазалҳои Мирзо Бедил «Ҷоҳил аз ҷамъи кутуб соҳиби маънӣ нашавад», «Ба ваҳдатхонаи дил ғайри дил чизе намеғунҷад», «Дил мечакад аз чашмам, чун абр агар гирям» ва «То дили хок аст, Бедил, ашкро ҳадди саҳар». Таҳлили достони «Комде ва Мадан»: мазмуни достон, образҳои асосии асар, ғоя ва мақсадҳои эҷодии Бедил. Ҷаҳонбинӣ ва ақидаҳои иҷтимоию ахлоқии Бедил, намунаҳо аз ашъори пандомези шоир. Услуб ва хусусиятҳои бадеии ашъори Бедил, таъсири эҷодиёти Бедил дар адабиёти тоҷик;
7) Актамбердӣ – шоир (1675 -1768) (1 соат). Шароити сиёсии давраи зиндагонии шоир. Зодгоҳ, давраи бачагӣ. Инъикоси халқи кӯчманчӣ ва орзую омоли онҳо дар шеърҳои Ақтамбердӣ;
8) адабиёти асри хviii – xix. Адабиёти асри ХVIII-нимаи аввали асри XIX  (4 соат). Вазъияти сиёсии Осиеи Миёна, ба сари қудрат омадани хонадони Манғитиҳо дар Бухоро. Хурӯҷи Нодиршоҳи Афшор ба Мовароуннаҳр, устувории нисбии Бухоро дар замони амир Шоҳмурод, вазъияти мамлакат дар замони амир Ҳайдар ва амир Насруллоҳ. Хурӯҷи қазоқҳо ва дигар бодиянишинон ба Мовароуннаҳр, қашшоқӣ ва қаҳтии мардум. Ҷангу ҷидолҳои миёни хонҳои Бухоро, Қӯқанд ва Хоразм, ташкили давлати Афғонистон, вазъияти сиёсии Эрон дар замони ҳукумати Қоҷория, оғози хурӯҷи англисҳо ба Ҳинду Эрон. Ҳавза ва марказхои адабӣ: адабиёти тоҷик дар аморати Бухоро (шаҳрҳои марказӣ ва вилоятҳо), вазъияти адабии Қӯқанд дар замони Умархон ва адабиёти дузабонӣ, шоирони маъруфи Қӯқанд: Гулханӣ, Нозил, Нодир, ривоҷи ҳаҷв, ривоҷи адабиёти ӯзбекӣ дар Хева (Урганҷ), тарҷумаи китобҳои «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ ва дигарон. Пастравии ҳаёти адабӣ дар Бухоро, шоирони маъруфи Бухоро: Мирзосодиқи Муншӣ, Муҳаммадшарифи Ориф, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Парии Ҳисорӣ, Ҳасрати Ҳисорӣ ва дигарон, мусобиқа ва гуфтугӯйҳои адабӣ, навъҳои асосии адабӣ, ривоҷи таърихнависӣ, ривоҷи сабки ҳиндӣ ва мактаби адабии Мирзо Бедил;
9) Мирзосодиқи Муншӣ (2 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Мирзосодиқи Муншӣ. Мероси адабии шоир. Мавзӯъ ва мазмуни ғазал ва қитъаҳо, таҳлили ғазалҳои «Зор мурдему рухат сер надидем, дареғ», «Ба роҳат мерасонад ранҷ бар худ ошно кардан», «Чанд резӣ ба ҷафо ашки ҷигаргуни маро». Мазмуни маснавии «Дахмаи шоҳон», масъалаҳои иҷтимоӣ дар асар, хусусиятҳои бадеии маснавӣ;
10) Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ (3 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ. Мероси адабии Ҳозиқ: мунтахаби девон, достони «Юсуф ва Зулайхо». Таҳлили достони «Юсуф ва Зулайхо». Мавзӯи қиссаи Юсуф ва Зулайхо», пайдоиш ва инкишофи он дар адабиёти тоҷик. Бандубаст ва сужети достони «Юсуф ва Зулайхо», таҳлили образхо, ғояи достон ва хусусиятхои бадеии он.
Назарияи адабиёт: Қофияи мутлақ ва ҳарфҳои он Ҳарфҳои қофияи мутлақ: васл, хурӯҷ, мазид ва нойира. Намунаҳо барои ҳарфҳои қофияи мутлақ ва таҳлили онҳо.
11) Гулханӣ (2 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти шоир, осори боқимондаи ӯ. Масъалахои иҷтимоӣ дар шеъри Гулханӣ. Таҳлили асари ҳаҷвии Гулханӣ-«Зарбулмасал», образи тамсилии ҳайвонот ва маънои иҷтимоии онҳо.
12) Қоонӣ Мирзоабибуллоҳи Шерозӣ (2 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Қоонӣ, мероси адабии Қоонӣ. Ҳунари Қоонӣ дар қасидасароӣ, мавзӯъ ва мазмуни қасоиди ӯ, таҳлили порае аз қасида. Мавзӯъ ва мазмуни асари насрии Қоонӣ-«Парешон», муқоисаи ин асари Қоонӣ бо «Гулистон»-и Саъдӣ, ҳикояҳои пандомӯзи китоби «Парешон» ва таҳлили намунаи онҳо.
13) адабиёти асри xix. Адабиёти нимаи дуюми асри XIX (4соат). Вазъияти сиёсии нимаи дуюми асри XIX, ҳамроҳ, кардани Осиёи Миёна ба Русия, тобеъ шудани Аморати Бухоро ва дигар хонигариҳо, барҳам хӯрдани ҷангу ҷидолҳои хонигариҳо ва моҷароҳои шадиди дохилӣ. Тағйирот дар низоми иҷтимоӣ, ташкили корхонаҳо, банкҳо, ривоҷи тиҷорат, вуруди маҳсулоти синоатӣ ва касоди истеҳсолоти маҳаллӣ. Вазъияти илму фарҳанг, ташкили мактабҳои русии хориҷӣ, интишори рӯзнома, маҷалла ва китобҳои чопи Россия, Қафқоз, Эрон ва ғайра, оғози чопи рӯзнома ва китобҳо дар шаҳрхои Осиёи Миена, ривоҷи равобит бо кишвархои дигар. Вазъияти адабӣ, марказҳои адабӣ, тағйирот дар рӯҳия ва ҷаҳонбинии адибон, ба вуҷуд омадани ҷараёни маорифпарварӣ, омилҳои пайдоиш ва ривоҷи он, нукоти асосии маорифпарвари. Адабиёти дарборӣ ва хусусиятҳои он. Ривоҷи тазкира ва тазкиранависони машҳур: Возеҳ, Абдӣ, Ҳашмат, Мӯҳтарам. Адибони машҳури ин давра: Аҳмади Дониш, Шамсуддини Шоҳин, Возеҳи Бухороӣ, Савдо ва Ҳайрат. Назарияи адабиёт: Садонокҳои кӯтоҳ (ҳаракатҳо) дар қофия
Маънои ҳарф, садонокҳои дароз ва садоноки кӯтоҳ (ҳаракат) дар таълимоти қофия, садонокҳои кӯтоҳ дар қофияи муқайяд: - рас, ишбоъ, ҳазв, тавҷеҳ, Садонокҳои кӯтоҳ дар қофияи мутлақ; маҷро, нафоз. Дар алифбои кирилӣ ошкоро набудани ҳаракати рас. Мисолҳо барои ишбоъ, ҳазв, тавҷеҳ, маҷро ва нафоз, тавзеҳи маънои байтҳо;
14) Аҳмади Дониш (6 соат). Ҳаёт ва фаъолияти адабии Аҳмади Дониш, сафарҳои Аҳмади Дониш ба, Россия ва натиҷаи онҳо. Мероси илмӣ ва адабии Дониш. Сохт ва мундариҷаи «Наводир-ул-вақоеъ», баррасии лаҳзаҳои тарҷумаиҳолии асар. таҳлили фаслҳо аз мусофират ба Россия, аҷобати мушоҳидахо ва баҳои Аҳмади Дониш ба вазъияти он кишвар, назари нависанда ба вазъияти Бухоро ва ақоиди ӯ дар бораи ислоҳоти низоми сиёсӣ ва иҷтимоӣ, мавзӯи ахлоқ ва оиладорӣ, фаслҳои ҳамосӣ дар «Наводир-ул-вақоеъ» ва таҳлили корномаи Шукурбек. Мазмуни мухтасари «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития», назари Аҳмади Дониш ба низоми давлатдорӣ ва ахлоқи амирони манғит. Аҳмади Дониш ва дигар маорифпарварони тоҷик;
15) Савдо (2 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Савдо, мероси адабии шоир, навъҳои шеър, мавзӯъ ва масъалаҳои эҷодиёт. Ҳаҷв дар эҷодиёти Савдо, таҳлили асари насрии ӯ «Музҳика». Назарияи адабиёт: Навъҳои қофия. Бисту панҷ навъи қофияи пурбаҳои шеъри тоҷикӣ, даҳ навъи аввали он; қофияҳои муқайяд ва мутлақ; 1) кофияи муқайяди муҷаррад, 2)қофияи мукайяд бо ҳарфи қайд, 3) қофияи муқайяд 5о ридфи муфрад, 4)қофияи муқайяд бо ридфи муфрад ва зоид (ридфи мураккаб), 5) қофияи муқайяд бо таъсис ва дахил, 6) қофияи мутлақи муҷаррад, 7) қофияи мутлақ бо ҳарфи қайд, 8) қофияи мутлақ бо ридфи муфрад, 9) қофияи мутлақ бо ридфи муфрад ва зоид (ридфи мураккаб), 10) қофияи мутлақ бо таъсис ва дахил. Мисолҳо барои ин навъҳои қофияи пурбаҳо;
16) Шамсуддин Шоҳин (4 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Шамсуддин Шоҳин. Мероси адабии Шоҳин: «Девон», достони «Лайлӣ ва Маҷнун», манзумаи «Бадоеъ ус-саноеъ» ва «Тӯҳфаи дӯстон». Ғазалиёти Шоҳин, таҳлил ва шарҳи ғазалҳои шоир, мавзӯи шикоят ва ҳасби ҳол дар ғазалиёт. Мазмуни достони «Лайлӣ ва Маҷнун», таҳлили образҳои асосии достон, мувофиқати мазмун, образҳо ва лаҳзаҳои асар бо достонҳои шоирони гузашта. Мундариҷаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» ва гузориши масъалаҳои иҷтимоӣ дар он. Мазмуни манзумаи «Тӯҳфаи дӯстон», масъалаҳои панду ахлоқ ва иҷтимоӣ дар он. Таҳлили як-ду ҳикояти ин манзума. Хусусиятҳои бадеии ашъори Шамсуддини Шоҳин;
17) Муҳаммад Сиддиқи Ҳайрат (1 соат). Ҳаёт ва эҷодиети Ҳайрат, таҳлил ва шарҳи шеърҳои Ҳайрат. Хусусиятҳои фарқкунандаи эҷодиёти Ҳайрат аз адибони гузашта.
18) М. Мақатаев (1 соат). Ҳаёт ва фаъолияти М. Мақатаев. Таҳлили эҷодиёти М.Мақатаев. Мавзӯи эҷодиёти адиб. Истифодаи жанрҳои адаби дар эҷодиёти адиб;
19) Қорираҳматуллоҳи Возеҳ (2 соат). Ҳаёт ва эҷодиети Возеҳ, мавзӯъ ва мазмуни «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик», арзиши таърихӣ ва ҷуғрофии ин асар. Мазмуни манзумаи «Кони лаззат ва хони неъмат» дар таомҳо. Асари ҳаҷвии Возеҳ «Ақоид- ун-ниссо» ва мундариҷаи он.
16.Синфи XI (дар як ҳафта 2 соат, дар як сол 68 соат):
1) адабиёти давраи нав. Адабиёти давраи нав (2 соат) Мафҳуми адабиёти давраи нав. Марҳалаҳои асосии адабиёти давраи нав: адабиёти оғози садаи бистум ва адабиёти ҷадидия; адабиёти аҳди шӯравӣ, пайдоиш, ташаккул ва инқирози он; адабиёти давраи истиқлолият;
2) адабиёти асри xx. Адабиёти оғози садаи бистум (1 соат). Вазъи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Осиёи Миёна дар ибтидои асри XX. Ҳаёти маданӣ, адабӣ ва фарҳангии ин давра, робитаҳо бо Россия ва кишварҳои ҳамсоя. Ҳавзаҳои адабии суннатӣ, инкишофи усули нави таълим, пайдоиши адабиёти нави иҷтимоӣ, рӯзнома ва маҷаллаҳо, раванди инкишофи анъанаҳои адабӣ ва адабиёти ҷадидия;
3) Адабиёти ҷадидия ва намояндагони дигари адабиёт (1 соат). Мафҳуми адабиёти ҷадидия. Адабиёти маорифпарварӣ ва адабиёти ҷадидия, сабабҳои иҷтимоӣ ва зеҳнии пайдоиши ҷадидия. Мавзӯъ, мазмун ва ҳадафҳои иҷтимоӣ ва мафкуравии адабиёти ҷадидия. Ҷамъиятҳои «Тарбияи атфол», ширкатҳои «Бухорои Шариф», «Баракат», китобхонаи «Маърифат» ҷамъияти ҷавонбухориён ва масъалаҳои бедории фикрӣ ва озодихоҳӣ. Шеъри ҷадидия аз назари навъи адабӣ ва мавзӯю мазмун. Намояндагони машҳури адабиёти ҷадидия: Гулшанӣ, Зуфархони Ҷавҳарӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ, Саҳбо, Аҷзӣ, Асирӣ, Садри Зиё, Айнӣ, Ҳамдӣ, Мунзим, Беҳбудӣ, Фитрат, Мирзосироҷи Ҳаким. Назарияи адабиёт: Ҳикоя Маъно ва мафҳуми ҳикоя. Ҳикоя - навъи хурдтарини насри ҳамосӣ (эпикӣ). Ҳикоя дар адабиёти классикӣ, китобҳои бузурги ҳикоёт: «Қобуснома»-и Унсурулмаолӣ Кайковус, «Ҷавомеъ ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ ва «Гулистон»-и Саъдӣ. Намунаи ҳикоя аз «Гулистон»-и Саъдӣ. Ҳикоя дар адабиёти давраи нав, машҳуртарин ҳикоянависони тоҷик: Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Фазлиддин Муҳаммадиев;
4) Нақибхони Туғрал (2 соат). Рӯзгори Туғрал, марги Туғрал ва сабабу окибати он. Мероси адабии Туғрал. Мавзӯъ ва навъҳои асосии шеъри Туғрал. Пайравии адибони гузашта ва истиқболи Бедил дар ғазал. Маҳорати суханварии шоир;
5) Тошхоҷаи Асирӣ (2 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Тошхоҷаи Асирӣ. Мазмун ва навъҳои ашъори шоир, таҳлили қасидаи «Одамият чист?» ва «Дар баени ҷӯи нави Бекобод». Масъалаҳои маориф, илму дониш ва фарҳанг дар эҷодиёти Асирӣ;
6) Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ (2 соат). Рӯзгор ва фаъолияти адабии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ. Навъхои асосии шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайн, сохт ва мазмуни ғазалҳои шоир. Таҳлили мазмун ва образҳои «Комде ва Мадан», муносибати он бо асари Бедил. Назарияи адабиёт: Сужет. Маъно ва мафҳуми сужет. Унсурҳои сужет; экспозитсия, гиреҳбандӣ, амалиёт, кулминатсия (авҷ), гиреҳкушоӣ, анҷом. Унсурҳои сужет дар қиссаи «Одина»-и С. Айнӣ;
7) Абдуррауфи Фитрат (1 соат). Тарҷумаи ҳол ва фаъолияти эҷодии Абдуррауфи Фитрат. Мероси адабии Фитрат: маҷмӯаи ашъор-«Сайҳа», асарҳои насрӣ: «Мунозара», «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ», «Раҳбари наҷот», «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ». «Қиёмат». Фаъолияти илмӣ ва адабии Фитрат. Таҳлили «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ», мазмуни асар, таҳлили образҳо, ғояи эҷодӣ ва муборизаи зидди истисмор дар ин асар;
8) Адабиёти Шӯравӣ (1 соат). Инқилоби Россия, табаддулоти Бухоро ва барқарор шудани сохти давлатии Шӯравӣ. Ташаккули адабиёти Шӯравӣ ва марҳалаҳои асосии инкишофи он: адабиёти солҳои 20-ум ва 30-юм, адабиёти замони ҷанг, адабиёти баъди ҷанг ва адабиёти солҳои 60-80-ум. Сиёсати фарҳангӣ ва адабии ҳизби коммунист ва давлат, раванди инкишофи адабиёт; муносибат ба анвои суннатӣ ва навъҳои (жанрҳои) тозаи адабӣ: қисса (повест), очерк, роман. Пайдоиш ва инкишофи драматургия. Пайдоиш ва инкишофи танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ. Ба таъқибу фишор гирифтор шудани адибон дар замони шӯравӣ. Сарчашмаҳои адабиётшиносӣ. Муносибати адабиёти ҷаҳони шӯравӣ ба эҷодиёти даҳонии халқ, мероси адабии гузашта ва адабиёти халқҳои ҷаҳон. Таъсири адабиёти рус ба адабиёти тоҷик, ривоҷи методи (усули) реалистӣ дар адабиёт, татаббӯъ ва пайравӣ ба адибони рус. Назарияи адабиёт: Роман. Маъно ва мафҳуми роман, пайдоиши навъи адабии ромаи. Хусусиятҳои роман аз ҷиҳати сужет, образҳо, вусъати воқеаҳо. Романи «Дохунда»-и С. Айнӣ: оғози асар, гиреҳбандӣ, банду баст, амалиёт, гиреҳкушоӣ, анҷом, қаҳрамонони асар.
9) Садриддин Айнӣ (5 соат). Тарҷумаи ҳоли С. Айнӣ: фаъолияти С. Айнӣ то замони фирори ӯ аз Бухоро ба Самарқанд; ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Айнӣ дар замони шӯравӣ. Мероси адабӣ ва илмии Айнӣ. Фаъолияти шоирии С. Айнӣ: навъҳои асосии ашъори С. Айнӣ. Шеърҳои инқилобӣ ва иҷтимоии Айнӣ. («Заминро мафрӯш», «Марши ҳуррият»). Фаъолияти нависандагии С. Айнӣ. Аввалин қиссаҳои С. Айнӣ: « Ҷаллодони Бухоро» ва «Одина». Мазмуни мухтасари қиссаи «Одина», тасвири табақавии ҷомеа ва ғояи некию бадӣ ва адлу зулм, таҳлили образҳои асосӣ; образҳои Одина, Гулбибӣ ва Арбоб- Камол. Романи «Ғуломон», қисмҳои асосии роман ва мазмуни онҳо; ғулом кардан, ғулом фурӯхтан, зиндагии ғуломона ва раҳоӣ аз ғуломӣ, образи се насли як авлоди ғуломон, ғояи марказии асар. Қиссаи «Марги судхӯр», мазмуни қисса, образи Қорӣ-Ишкамба ва анҷоми рӯзгори ӯ. «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ. Қисмҳои «Ёддоштҳо», мавзӯъ ва мазмуни онҳо. Тасвири деҳот ва зиндагонии хонаводагии Айнӣ, фоҷиаи падару модар. Тасвири таҳсили Айнӣ аз оғоз то айёми камолот; образи донишмандон ва равшанфикрон: Аҳмади Дониш, Ҳайрат, Садри Зиё; образи ҷавонмардон, паҳлавонон, занон, образҳои манфӣ. Фаъолияти илмии Айнӣ: тадқиқот дар бораи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Навоӣ, Бедил; арзиши илмии китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил». « Намунаи адабиёти тоҷик», мазмун ва аҳамияти он. Мақоми С. Айнӣ дар инкишофи адабиёти тоҷик;
10) Абулқосими Лоҳутӣ (3 соат). Ҳаёт ва фаъолияти Абулқосими Лоҳутӣ. Мероси адабии Лоҳутӣ: шеърҳо, достонҳо, тарҷумаҳо ва мақолаю суханрониҳо. Ашъори Лоҳутӣ то замони ба Иттиҳоди Шӯравӣ омадан (1907-1922), анвои шеърҳо, мазмунҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, шикоятӣ ва озодихоҳӣ, хусусиятҳои бадеӣ. Ашъори Лоҳутӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ (1923-1957), анвои шеър: қасида, ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, достон, шеърҳои иҷтимоӣ. Таҳлили қасидаи «Кремл», бандубаст ва хусусиятҳои бадеии он. Достонҳои тамсилии Лоҳутӣ. Таҳлили мазмун ва образҳои достонҳои «Ғалабаи Таня» ва “Мардистон”. Тарҷумаи асарҳои Шекспир, А.С. Пушкин, А.С. Грибоедов,Ю В. Гюго. Таҳлили драмаи «Отелло», мазмуни фоҷиавии асар ва образҳои он. Усули тарҷума ва хусусиятҳои бадеии тарҷумаи асар. Сурудҳо бар матни ашъори Лоҳутӣ, мақоми А. Лоҳутӣ дар адабиёти тоҷик;
11) С. Сейфулин (1 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти С. Сейфулин. Мероси адабии адиб. Мавзуҳои панду ахлоқ ва адолатпарварӣ дар эҷодиёти С. Сейфулин. Истифодаи санъати бадеӣ дар эҷодиёти адиб;
12) Пайрав Сулаймонӣ (2 соат). Ҳаёт ва фаъолияти Пайрав Сулаймонӣ. Мероси адабӣ ва навъҳои асосии шеъри Пайрав. Мавзӯъ ва мазмуни шеърҳои Пайрав. Таҳлили манзумаи «Тахти хунин», навпардозиҳои шоир дар қолиби шеър. Мавзӯъҳои байналхалқӣ, иҷтимоӣ, таҳлили шеъри «Як қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо». Ҳунари адабии Пайрав Сулаймонӣ;
13) Ҳабиб Юсуфӣ (1 соат). Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳабиб Юсуфӣ. Раҳим Ҳошим дар бораи сифатҳои ҳамидаи Ҳабиб Юсуфӣ. Мавзӯъ ва мазмуни ашъори шоир. Мавзӯъҳои занон ва ватандӯстӣ дар шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ. Мазмун ва хусусиятҳои шеърҳои замони ҷанги Ҳабиб Юсуфӣ. Фаъолияти тарҷумонии Ҳабиб Юсуфӣ. Назарияи адабиёт: Романтизм. Маънои луғавӣ ва мафҳуми романтизм. Романтизм навъи асосии тасвир дар баробари реализм. Тарзи тасвирҳои воқеият ва қаҳрамонон дар адабиёти романтикӣ. Таҳлили лаҳзаҳои хаёлӣ-романтикӣ дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» -и Низомӣ: муносибати Маҷнун бо ҷонварони биёбон ва тасвири «Дараи ниҳон» дар романи «Дохунда»-и С. Айнӣ;
14) Мирзо Турсунзода (3соат). Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Мирзо Турсунзода, мероси адабии шоир. Шеърҳои Мирзо Турсунзода, мавзӯъҳои асосии ашъори шоир, хусусиятҳои жанрӣ ва бадеии лирикаи шоир. Мавзӯъҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳасби ҳол, ватанхоҳӣ ва накӯҳиш дар шеърҳои шоир. Таҳлили шеърҳои шоир дар васфи модар. Мавзӯи ишқу муҳаббат ва мавқеи иҷтимоии зан. Мавзӯъҳои байналхалқӣ дар эҷодиёти шоир, мавзӯи сулҳу амонӣ, таҳлили шеърҳои силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон», «Руди Ганг», «Боғи муаллақ» ва «Тара- Чандри», «Дар ёди кас», «Дар орзуи ошён». «Тоҷмаҳал». Фаъолияти достонсароии Мирзо Турсунзода. Мазмун ва хусусиятҳои ғоявию бадеии достони “Чароги абадӣ” ва «Ҷони ширин». Назари шоир ба шахсияти инсон дар замони нав ва гузашта, кӯхнапарастӣ ва озодандешӣ, тасвири хираду ҳикмати миллӣ дар симои Айнӣ. Достонҳои ҳамосии шоир: «Писари Ватан» ва “Ҳасани аробакаш”. Таҳлили мазмун ва образҳои асосии достони «Писари Ватан», мазмуни достони «Ҳасани аробакаш» ва тасвири таҳаввулоти иҷтимоӣ ва мавқеи он дар тағиру дигаргунии рӯҳияи қаҳрамон. Фаъолияти М. Турсунзода дар драматургия ва бахшҳои он: либретто, драмаи мусиқӣ, қисса ва намоишнома барои кино. Мазмун ва хусусиятҳои бадеии либреттои «Тоҳир ва Зӯҳро», образи қаҳрамонони асар. Назарияи адабиёт: Достон. Маъно ва мафҳуми достон. Пайдоиши достон дар адабиёти тоҷик. Навъҳои достон: достони қаҳрамонӣ (паҳлавонӣ), ишқӣ-романтикӣ, тасаввурӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва достони лирикӣ. Бузургтарин достонсароён: Фирдавсӣ, Низомӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат. Сохт, сужет ва қаҳрамонони достон: таҳдили достони « Ҷанги Рустам бо Исфандиёр».
15) Сотим Улуғзода (3соат). Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Сотим Улуғзода: айёми ҷавонӣ, замони кору фаъолиятҳо, фирори писар ва гирифториҳо, анҷоми рӯзгор, фаъолияти эҷодӣ. Насри бадеии Сотим Улуғзода: очерк, ҳикоя, қисса ва роман. Мавзӯъ ва мазмуни қиссаи «Ёрони боҳиммат» ва романи «Навобод». Таҳлили қиссаи «Субҳи чавонии мо». Мазмуни асар, лаҳзаҳои фоҷиавии зиндагии каҳрамони марказӣ таҳлили образҳои асосӣ: Умархон ва Собир. Таҳлили романи «Восеъ», мазмун ва сужети роман: тасвири зиндагии деҳқонон, муносибати ҳокимону рӯҳониён, қавму қабилаҳо, саҳнаҳои ишқу хонадорӣ, меҳнати деҳқон, мусоидат ва ҷасорату мардӣ, дасисаҳои ичтимоӣ ва сиёсӣ, муборизаю майдони ҷанг, қассосу ҷазо. Образи Восеъ, образи Гулизор, образи намояндагони аморати Бухоро. Аҳамияти роман. Фаъолияти С. Улуғзода дар соҳаи драматургия ва намоишномаи кино, асарҳо дар бораи шахсиятҳои адабӣ ва таърихӣ: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино; Темурмалик, Аҳмади Дониш, Восеъ. Таҳлили драмаи «Ҷавонии Ибни Сино». Мазмуни асар, образи қаҳрамонони асосӣ, фоҷиаи зиндагии қаҳрамони марказӣ. Назарияи адабиёт: Қиссаи мустанад (очерк) Қиссаи мустанад ҳамчун навъи насри бадеӣ. Хусусиятҳои мазмун ва образ дар қиссаи мустанад. Навъҳои қиссаи мустанад: сафарӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ, портретӣ. Намунаи қиссаи мустанад аз Айнӣ, таҳлили мазмун ва хусусиятҳои бадеии асар;
16) Ҷалол Икромӣ (3 соат).  Ҳаёт ва эҷодиёти Ҷалол Икромӣ. Мероси адабии нависанда: ҳикояҳо, қиссаҳо. романҳо, намоишномаҳо ва насри мустанад. Хусусиятҳои услуби фардии Икромӣ ва таҳаввулоти он. Мазмун ва сохти романи «Ман гунаҳгорам». Таҳлили образҳои марказии роман, масъалаҳои ахлоқӣ ва хусусиятхои бадеии асар. Мавзӯъ ва мазмуни қисмҳои романи сегонаи «Духтари оташ», таҳлили қисми якуми асар. Таҳлили образҳои қисми якуми роман, тозагиҳои ҳунарӣ дар нақши Дилором-каниз ва дигар занон, таҳлили дигар образҳои мусбат ва манфии роман. Назарияи адабиёт: Еддоштнависӣ дар адабиёт. Ёддоштнависӣ ва ҳадафҳои он, заминаҳои воқеӣ ва ҳасбиҳолии ёддоштҳо. Ёддоштнависӣ ва сафарнома, умумият ва тафовутҳо. Намунаи ёддоштҳо: «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва «Ёддоштҳо”-и   С. Айнӣ;
17) Раҳим Ҷалил (2 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Раҳим Ҷалил. Мероси адабии Раҳим Ҷалил: ҳикояҳо, романҳо, намоишномаҳо, китоби ёддоштии «Маъвои дил».Ҳикояҳои Раҳим Ҷалил, маҳорати нависанда дар эҷоди ҳикоя, таҳлили ҳикояҳои «Марги хушомадхӯҷа», «Васвасабону». Романҳои нависанда. Мавзӯъ ва мазмуни романи «Одамони ҷовид», таҳлили образҳои асар. Романи сегонаи «Шӯроб» ва мазмуни мухтасари ҳар як қисми он, таҳлили образҳои марказӣ ва ғояи асар. Образи занон ва мавқеи онҳо дар роман. Хусусиятҳои забон ва услуби эҷодии Раҳим Ҷалил, истифодаи зарбулмасал ва мақолҳои халқӣ дар асарҳои нависанда;
18) Мирсаид Миршакар (3 соат). Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Мирсаид Миршакар, Мероси адабии шоир. Ашъори лирикии Миршакар. Достонҳои Мирсаид Миршакар: «Ливои зафар», «Қишлоқи тиллоӣ», «Панҷи ноором», «Ленин дар Помир», «Исёни хирад» ва дигарҳо. Таҳлили достони «Қишлоқи тиллоӣ». Эҷодиёти Миршакар ва фолклор дар мисоли достони «Қишлоқи тиллоӣ». Мавзӯъ ва мазмуни достони «Исёни хирад», ғояи достон. Шеърҳои бачагонаи Мирсаид Миршакар. Нақли мазмун ва таҳлили достони «Мо аз Помир омадем». Назарияи адабиёт: Ҳамоса (эпос) Ҳамоса ва лирикаю драма. Маъно ва мафҳуми ҳамоса. Ҳамоса-асари дорои сужет, қаҳрамонону амалиёти онҳо ва моҷароҳо. Навҳои асосии асарҳои ҳамосӣ (ҷинси эпос): ривоят, афсона, ҳикоя, достон, қисса, роман. Таҳлили унсурхои ҳамосии достони «Бежан ва Манижа» -и Фирдавсӣ: сужет, моҷаро, амалиети қаҳрамонон.
19) Фазлиддин Мухаммадиев (2 соат). Ҳаёт ва фаъолияти нависанда, Мероси адабии Ф. Муҳаммадиев: ҳикоя, насри мустанад, қиссаҳо ва драматургия, фаъолияти тарҷумонӣ. Фаъолияти ҳикоянависии Ф. Муҳаммадиев, таҳлили ҳикояҳои «Даъво», «Рӯзи дафни Усто- Оқил», «Сози Мунаввар», тарбия фарзанд, покию садоқат, шарафи мардумӣ, ишқу муҳаббат дар ҳикояҳо. Симои қаҳрамонони ҳикояҳо. Таҳлили қиссаи «Одамони кӯҳна», мазмун ва образҳои марказии асар, мақсади эҷодӣ ва хусусиятҳои ғоявии ин қисса. Романи «Палатаи кунҷакӣ», мазмун ва бандубасти роман. Образҳои Носир-Аббос, Ивон-амак Каримҷон-ака, сарнавишти Иброҳимҷон ва Хиромон дар хатти дувуми сужети асар. Таҷассуми сифатҳои мардумӣ дар нақши Носир -Аббос, Иван-амак ва Каримҷон-ака. Назарияи адабиёт: Реализм. Маънои луғавӣ ва мафҳуми реализм. Усули тасвири реалистӣ дар адабиёт, тасвири воқеият ва қаҳрамон дар тасвири реалистӣ, тасвири реалистӣ ва воқеият. Типӣ кардани воқеият ва қаҳрамон дар тасвири реалистӣ, фарқияти образҳо. Фарқи тасвири реалистӣ аз натуралистӣ. Ривоҷи усули реалистӣ дар адабиёти давраи шӯравӣ. Таҳлили шеъри «Нолаи чӯпон»-и Пайрав ва «Тасвири баҳор» дар «Одина»-и Айнӣ.
20) Мӯъмин Қаноат (2 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Мӯъмин Қаноат, шеърҳо ва достонҳо. Ашъори ғиноии Мӯъмин Қаноат, мавзӯъ ва хусусияти жанрии шеърҳо. Таҳлили шеърҳои: «Обшор», «Дар паноҳи шохсорон», «Нарав, қуи сафеди ман». «Давоми нек роҳатро», «Гули бодом», шеър дар бораи тахти Ҷамшед. Достонҳои Мӯъмин Қаноат. Таҳлили достони «Китобҳои захмин», бандубасти достон, тасвири воқеаҳои мактаб дар замони ҷанг, нақши муаллима ва кӯдакон, мушкилоти рӯзгори замони ҷанг, ғояи марказии асар. Таҳлили достони «Сурӯши Сталинград», сохт ва бандубасти асар, мазмун ва мундариҷаи бобҳои асар. Тасвири шуҷоату мардонагӣ ва ҳимояти ватан. Муболиға дар тасвир ва истифодаи монологҳо барои ифодаи рӯҳияи каҳрамонон;
21) Лоиқ Шералӣ (3 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Лоиқ Шералӣ. Фаъолияти адабии Лоиқ Шералӣ: навъҳои шеъри суннатӣ (рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, қитъа), қолабҳои нави шеър. Мавзӯъхои ашъори Лоиқ: ишқ, ёди ёру диёр, худшиносии шоир, ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, ору номуси ватандорӣ, васфи мардонагӣ. “Модарнома”- и Лоиқ. Таҳлили шеърхои силсилаи модарнома, васфи сиратҳои хамидаи модар, муносибати модару фарзанд. Назарияи адабиёт: Драма (намоишнома). Маъно ва мафҳуми драма, драма дар баробари лирика ва ҳамоса, яке аз се ҷинси асосии адабӣ. Навъҳои драма: фоҷеа, мазҳака, песа, водевил, мелодрама. Пайдоиши драма дар Юнони қадим, драмаи халқии тоҷикӣ, инкишофи драматургияи касбии тоҷикӣ дар солҳои 30-юми асри бистум. Драматургҳои машҳури тоҷик: С.Улуғзода, Ғанӣ Абдулло, Ҷалол Икромӣ, Меҳмон Бахтӣ, Сафармуҳаммад Аюбӣ ва дигарон. Драмаи С.Улуғзода «Алломаи Адҳам ва дигарон»;
22) Бозор Собир (1 соат). Ҳаст ва эҷодиёти Бозор Собир, Таҳлили шеърҳои Бозор дар мавзӯи ватан: «Дар оғӯши кӯҳистон», «Забони модарӣ», «Теғи Сино», «Ман худамро кушта-кушта», «Асп»;
23) Сайф Раҳимзоди Афардӣ (1 соат). Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Афардӣ, мероси адабии нависанда. Таҳлили қиссаи «Ситораҳои сари танӯр», образҳо ва хусусиятҳои бадеии асар;
24) Саттор Турсун (1 соат). Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии нависанда, ҳикоя ва қиссаҳои Саттор Турсун, мазмун ва мундариҷаи қисссаи «Санг дар бағал ба тӯфон», бандубасти асар, таҳлили образҳо ва хусусиятҳои бадеӣ.
25) адабиёти давраи истиқлол. Адабиёти давраи истиқлолият (4 соат) Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва самтҳои асосии инкишофи адабиёт. Барқарор шудани озодандешӣ, вусъати ақида ва назарҳои гуногун дар адабиет, эҳёи суннатҳои адабӣ ва адабиёти мазҳабӣ, фаъолияти адибони ҷавон. Тасвири рӯйдодҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар шеъри шоирон, дар, наср ва драматургия. Мавзӯи истиқлолият аз дидгоҳи таърихии давлатдорӣ ва тасвири он дар адабиёт. Шахсиятҳои варзидаи адабӣ: Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Гулназар, Фарзона ва дигарон. Истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи шеъру шоирӣ: Алимуҳаммади Муродӣ, Сиёвуш, Хайрандеш, Ато Мирхоҷа, Низом Қосим, Сайед Ғаффор ва дигарон. Наср ва инкишофи он, намояндагони онҳо: Урун Кӯҳзод, Сорбон, Саттор Турсун, Баҳром Фирӯз, Абдулҳамид Самад, Кароматулло Мирзоев, Ҷонибек Акобиров, Шодӣ Ҳаниф, Мухаммадзамони Солеҳ, Равшани Ёрмуҳаммад, Баҳманиер ва Сайф Раҳим. Драматургия ва вазъияти он дар замони Истиклол, фаъолияти драманависон Абдумалик Баҳорӣ, Султон Сафаров, Меҳмон Бахтӣ, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Нур Табаров, Ато Ҳамдам, Шодӣ Солех, Турахон Аҳмадхонов, Нурулло Абдуллоев ва дигарон.
26) Меҳмон Бахтӣ (2 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Меҳмон Бахтӣ. Таълифоти нависанда: шеърҳо, сурудҳо ва драмаҳо. Таҳлили драмаҳои «Фирдавсӣ» ва «Шоҳ Исмоили Сомонӣ». Хусусиятҳои бадеии намоишномаҳои Меҳмон Бахтӣ;
27) Гулназар Келдӣ (2 соат). Ҳаёт ва эҷодиёти Гулназар. Мавзӯъ ва мазмуни шеърҳои Гулназар, тасвири ёру диёр, масъалаҳои ахлоқу одоб. Таҳлили шеърҳои Гулназар: «Модарамро ба хоб дидам ман», «Замин чун модари ман масти хоб аст», «Модари ҷаҳонгирам». Хусусиятҳои бадеии шеъри Гулназар. Назарияи адабиёт: Лирика (шеъри ғиноӣ) Маъно ва мафҳуми ҷинси лирика, фарқи он аз ҳамоса ва драма. Навъҳои асосии шеъри лирикӣ: қасида, ғазал, китъа, рубоӣ, дубайтӣ, мусаммат ва тарҷеъбанду таркиббанд . Таҳлили ғазал аз ҷиҳати шакли бадеӣ;
28) Абдулҳамид Самад (2 соат). Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Абдулҳамид Самад. Таълифоти нависанда: ҳикояҳо, қиссаҳо. Таҳлили қиссаи «Паррончакҳо». Мазмуни асар, образҳои марказии он, назари ахлоқии нависанда.
3. Талаботи асосӢ ба донишу маҳорати хонандагон
17. Натиҷаҳои фаннӣ:
1) Хонандагони синфи 10 бояд донанд ва тавонанд:
хониши мавзуну бурро. Хониши хомӯшона;
тартиб додани нақшаи сода ва мураккаб доир ба муқоисаи хислатҳои ду қаҳрамон ва ё гурӯҳи қаҳрамонони асари бадеӣ;
иншо – портрет, манзара аз асари мутолиашуда;
муаллиф ва мавзӯи асосии асар;
эпизодҳои асосии асар;
аҳамияти ҷамъиятии асар;
аломатҳои асосии мафҳуми мавзӯъ, ғоя, сужети асар;
хусусиятҳои жанрии повест, достон, драма ва қисматҳои он.
муаллиф ва номи асари хондашуда;
мазмуни асар ва қаҳрамонони он;
хусусиятҳои асосии унсурҳои назарияи ададабиёт, ташбеҳ, муболиға, портрет, образ ва эпизоди бадеӣ;
моҳияти асосии жанрҳои новелла, повест, масал, рубоӣ, латифа ва ғайра;
2) Хонандагони синфи 11 бояд донанд ва тавонанд:
хусусиятҳои характерноки давр ва инъикоси он дар асарҳо;
сужет, хусусиятҳои композитсиони, силсилаи образҳои асари омӯхташуда;
аҳамияти типикӣ, таърихӣ ва умумиинсонии образҳои барҷастаи асари бадеӣ;
хусусияти муҳимтарини услубӣ ва жанрии асари омўхташуда;
муайян кардани жанри асар (эпос, лирика, драма);
дарк кардани масъалаи асосии асар;
дарк кардани хусусияти характерноки асар ва мақоми қаҳрамон дар силсилаи персонажҳои асари бадеӣ ва муносибати муаллиф;
дар бораи асари хондашуда нуқтаю назари худро асоснок карда тавонистан;
муқоиса намудан ва баҳо додан ба асари хондашуда аз рўи услуб ва жанр бо мақсади муайян кардани масъалаҳои тарбиявӣ, аҳлоқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва халқпарварӣ;
тартиб додани тезис ва конспект аз рӯи асари хондашуда.
нақл кардани мазмуни асари бадеӣ, характеристика додан ба қаҳрамони асар;
бошуурона ва буррою бадеӣ муҳокима намудани мазмуни асари бадеӣ;
муқаррар кардани лаҳзаҳои барои характеристикаи қаҳрамонҳои зарурбуда;
муайян кардани алоқаи байни ҳодисаю воқеаҳо дар асар;
баҳо додан ба рафтор, кирдор ва амалиёти қаҳрамони асари бадеӣ;
сохтани нақшаи мураккаб ба асари хурд ё ба бобҳои ҷудогонаи асари калони эпикӣ;
ба тавсил, мухтасар ва ё интихобӣ нақл намудани мазмуни асари хурди эпикӣ ё бобҳои ҷудогонаи асари калони эпикӣ;
навиштани тақриз ба ҳикоя ё повести мустақил хондашуда;
қадр намудани асарҳои бадеӣ ҳамчун боигари миллат;
таҳлил намудани жанрҳои адабиёти шифоҳии асарҳои XIX-XX;
муқоиса намудани асарҳои бадеӣ бо кинофилмҳо ва аз нуқтаи назари шахсӣ нақл намудан;
омӯзиши адабиёти тоҷик ва хусусиятҳои фарқкунандаи он аз адабиёти қазоқ;
муқоиса намудани жанри эпикии адабиёти қазоқ бо адабиёти тоҷик;
омӯзиши намояндагони адабиёти тоҷику қазоқ дар асрҳои XIX-XX.
18.Натиҷаҳои шахсии хонандагон:
хонандагоне, ки аз фанни таълими адабиёт бохабаранд, онҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Қазоқистон, ба қонун ва тартиботҳои давлатӣ риоя менамоянд.
онҳое, ки бо корҳои эҷодӣ бохабаранд, онҳо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, халқпарварӣ дошта, ҳамеша барои хизмати Ватани маҳбуби худ тайёранд.
адабиёти халқи худро омӯхта, онҳо вазифадоранд, ки аз таърихи адабиёти халқи қазоқ, маданияти халқ ва аз забону адабиёти халқҳои дигар, расму оин, анъанаҳои он халқу миллатҳое, ки дар Қазоқистон ҳаёт ба сар мебаранд, боянд бохабар бошанд.
талабае, ки аз адабиёт бохабар, ҳисси баланди эстетикӣ дошта, аз боигариҳои мамлакати худ завқ бурда, барои инкишоф, пешрафт ва гул- гулшукуфии замини худ ҳиссаи калон мегузорад.
онҳое, ки аз забону адабиёт таълим гирифтаанд, бо ҳисси баланди маданиятнокӣ, маҳорат ва донишу малакаи худ аз дигарон фарқ мекунанд.
онҳо барои баланд бардоштани савияи дониши худ аз корҳои эҷодӣ, кашфиётҳои нав ба нави дунёвӣ баҳра мебаранд.
дар қатори одамони бомаданият маънавияти баланди худро дар эҳтиром ба калонсолон, эътибор ба хурдсолон, ғамхорӣ ба атрофиён зоҳир менамоянд.
аз таълимоти забону адабиёт бохабар будани вай, ба ҳар гуна ҳаракатҳои динӣ, қонунвайронкунон зид буданашро нишон медиҳад.
натиҷаҳои шахсӣ боинтизом, боахлоқ, инсонпарвар будани талабаро аз ҳар ҷиҳат нишон дода, ғояи баланди шахсӣ доштани ӯро нишон медиҳад.
19.Натиҷаҳои пай дар пай:
таълими аз адабиёт гирифтаашро дар корҳои эҷодӣ истифода бурданаш лозим;
таълими аз адабиёт гирифтаашро дар соҳаи гуногуни ахбор бо назару нигоҳи шахсиаш бояд истифода барад;
дар асоси таълими аз адабиёт гирифтааш чуқур мулоҳиза ронда, фикру андешаҳои худро ба таври бадеӣ бояд ба дигарон расонида тавонад;
хонанда бояд ба асарҳои нависандагон ва шоирон бо иззату эҳтироми баланд нигоҳ кунанд;
ахбори ба худ заруриро интихоб намуда, ислоҳ карда, барои оммафаҳм будани он кӯшиш  карданаш лозим.
 
09.09.2015 12:46